Ғизои солими яхкардашуда.

фоиданок

Оё сабзавоти тару тоза ҳамавақт солимтар ва дорои ғизонокии зиёд ҳастанд ваё сабзавоти яхкардашуда?

Пас аз кандани сабзӣ аз замин ваё чида гирифтани помидор чӣ мешавад?

healthy frozon foods for fitness

Дер боз мо дар дастархонамон маҳсулоти тару тоза мебинем. Бо ҳисоби миёна сабзавот се рўз аз киштзор ба мағоза мерасад. Се рўзи дигар ў дар яхдони мо дошта мешаванд. Хатто агар онҳо дар киштзорҳои беҳтарин парвариш карда бошанд ҳам, онҳо витамину минералҳои худро дар ин муддат гум мекунанд.

Мисол, лўбиёи сабз, ки пас аз чида гирифтан дар муддати 24 соат 40% витамини С- ро гум мекунад. Дигар меваю сабзавотҳо низ ба ин мисол шуда метавонанд.

Сабзавотҳо пас аз чида гирифтан оҳиста- оҳиста ғизонокиашонро гум мекунанд, аммо инро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Ғизонокии сабзавоти яхкардашуда дар худи ў нағз дошта мешавад, барои он ки муддати байни чидагирӣ ва яхкунонӣ ба ҳадду ақал кам карда шудааст- ин аз як чанд соат зиёд дароз намекашад. Доктори Донишгоҳи Иллиноис дар Шампейн, Барбара Клейн, ки тадқиқоти фарқи байни сабзавоти яхкардашуда ва тару тозаро мебарад, мегўяд, ки “Бисёри витаминҳо дар сабзавоти яхкардашуда ва консервкардашуда хело хуб нигоҳ дошта мешаванд.”

Албатта, витаминҳо кам мегаранд

frozen meals and steaming entrees

… дар вақти яхкунонӣ. Аз ҳама бисёр витамини С (тақрибан 25%) камтар мегардад, дигар витаминҳо бошанд камтар (мисол витамини B1 – тақрибан 10%). Бо вуҷуди он, ҷои он моддаҳои ғизоноке, ки дар вақти яхкунӣ гум мешаванд холати яхкардашудаи сабзавотҳо мегирад. Яъне, каротин (моддаи рангдиҳанда) дар консерв буда онро аз рўшнои нигоҳ дошта ба кам шавӣ иҷозат намедиҳад. Нахўди яхкардашуда назар ба нахўди дар мағоза буда тақрибан 60% зиёдтар каротин доранд.

Баъзан маҳсулоти яхкардашуда назар ба маҳсулоти коркард нашуда зиёдтар ғизонокӣ дорад.

Тадқиқотчиёни Ҷамъияти Истеъмолкунандагони Австрявӣ ғизонокии сабзавоти яхкардашуда ва тару тозаи аз Италия, Испаниё, Туркия ва Исроил овардашударо муқоиса карданд. Витаминҳои нахўд, карам, ҷуворимакка ва сабзии яхкардашуда назар ба сабзавотҳои тару тозаи аз дигар давлатҳо ворид кардашуда бештар буданд. Бояд донист, ки сабзавоти тару тозаи дар зимистон дар мағоза буда аз Аврупои Ҷанубӣ ё Африқои Шимолӣ ворид кардашуда назар ба он сабзавоти фаслӣ камтар витамин доранд.

Оби зиёд ва хўрокпазии дуру дароз сабзавотро аз витаминҳо маҳрум месозад.

Инро низ бояд гуфт, ки барои кам нашудани витаминҳои ҳам сабзавоти тару тоза ва ҳам коркардшуда онҳоро бояд дар буғ ё оташдони мавҷӣ тайёр кард. (на бо оби бисёр).

, , ,