• nutrients

Сабзавоти сурх барои қалби солим

фоиданок

Сабзавоти сурх бо хусусияти фоиданокии худ барои нигаҳ доштани қабл дар ҳолати намунавӣ маъруф аст. Бо ҳамаи хусусиятҳои фоиданокии сабзавоти сурх ошно шавед.

Ранги сурх ба сабзавот як қатор сифоти муфид барои сиҳатиро эҳдо мекунад, ки миёни онҳо мешавад чандеро номбар кард:

  •  табъи хуш,
  • беҳбуди иштиҳо ва вазъи рагҳои хунгард,
  • поин овардани сатҳи холестерин,
  • устувории фишори хун,
  • танзими фаъолияти қалб.

Сабзавоти сурх, ба хусус навъи пурранги он, ба туфайли ликопин, ки дар таркиби худ доранд, ба қалб таъсир мерасонад. Ин антиоксидант кори қалбро беҳбуд мебахшад ва ҳаҷми холестиринро поин меорад. Он ҳамчунин пиршавиро боз медорад ва монеи рушди силуҳо (клетка)-и саратон мешавад. Ин гуруҳи сабзавот ҳаҷми зиёди калий дорад, ки ба назми қалб тавассути танзими фишори хун таъсир мерасонад. Сабзавоти сурх ҳамчунин аз антосианҳо – рангкунандаҳои табиӣ, ки рагҳои хунгардро тақвият мебахшанд, ғанӣ аст. Каротиноидҳо – ин пигментҳои солиме ҳастанд, ки табъро хуш медоранд. Тибқи маълумоти таҳқиқотҳо, дар вуҷуди хушбинҳо (оптимистҳо) назар ба афроди оддӣ сатҳи зичии таркиботи кимиёвӣ 13% бештар аст.

Чанд намунаи сабзавоте, ки ба гуруҳи сурх шомил мешаванд:

  • қаламфури сурх
  • лаблабу
  • карами сурх
  • шалғамча
  • чукрӣ
  • помидор
, , , , ,