• nutrients

Сабзавоти зард – давои беҳтарин барои чашм ва пӯсти шумо

фоиданок

Оё шумо боре дар мавриди хусусияти муфид будани сабзавоти зарду норинҷӣ ва таъсири онҳо ба сиҳатии инсон фикр кардаед? Бихонед ва дар ёд бигиред, ки ғизои рангоранги муфидро чи гуна тақсимбандӣ бояд кард.

Каротиноидҳое, ки дар таркиби сабзавоти зард шомиланд, одатан маҷмуи таркиботи гуруҳиро бо худ доранд. Инҳо – бета-каротин, лютеин, зеаксантин ва ликопин ҳастанд. Ба ҷуз ин, каротиноидҳои алоҳида функсияҳои дигари муҳимро дар худ доранд. Чанд намунае аз онҳо:

  • афзоиши устуворӣ;
  • ҳифзи чашм;
  • муҳофизат аз атеросклероз;
  • беҳтар кардани ҳолати пӯст, мӯй, нохун;
  • муҳофизат аз родикалҳои озод.

Yellow vegetables

Бадани инсон қобилияти табдили каротиноидҳо ба витамини А-ро дорад, ки барои ҳаёт муҳиманд. Вай системаи масуниятро тақвият мебахшад ва ба ҳолати пӯст таъсир мерасонад. Каротиноидҳо ҳамчунин барои фаъолияти дурусти биноӣ хеле муҳиманд, зеро онҳо копонентҳои зардӣ ҳастанд – элементи чашм, ки барои биноӣ масъул аст. Сабзавоти зарду норинҷӣ бадани инсонро аз нурҳои ултробунафши зарарнок ҳифз мекунад. Пӯсти афроде, ки ратсионашон аз миқдори зиёди чунин сабзавоти рангоранг иборат аст, дар дарозмуддат ҷавон ва солим боқӣ мемонад. Каротиноидҳо ҳолати устухонҳоро беҳ гардонида, онҳоро нерӯманд мекунанд. Гузашта аз ин, ин пигментҳо моро аз таъсири бади радикалҳои озод, ки бемориҳои зиёди саротониро дар пай доранд, ҳифз мекунанд. Мардоне, ки миқдори нокофии сабзавоти зард ва норинҷиро истеъмол мекунанд, бештар ба саратони простат мубтало мешаванд. Каротиноидҳо хатари пайдошавии саратони даҳонаи раҳмдон, шуш, шоҳроҳи рудаву меъдаро кам мекунанд ва аз бемориҳои рагҳои дилу хунгард ҳифз медоранд.

Ба гуруҳи сабзавоти зарду норинҷӣ инҳо шомил мешаванд:

  • сабзӣ;
  • ҷуворимакка;
  • каду;
  • қаламфури зард;
  • помидор.
, , , , , ,