• nutrients

Бартариҳои фоиданоки брокколи

фоиданок

Ҳаводорони тарзи ҳаёти солим комилан ҳақ ҳастанд, ки мегӯянд брокколи муфидтарин ва бебаҳотарин навъи сабзавотест, ки барои тановули ҳаррӯза тавсия дода мешавад.

Брокколи – сарчашмаи бебаҳои витаминҳои А, К, С, В ва кислотаи фолиевӣ аст. Дар таркиби он ҳамчунин намакҳои зиёди минералӣ маҳфуз аст: калий, калтсий, оҳан, фосфор, селен ва магний.

Брокколи – сабзавот муқобили омос

Миёни шумори зиёди меваҷот ва сабзавот брокколи аз рӯйи дороии моддаҳое, ки мавҷудияти саратони силуҳо (клетки)-ро огоҳ мекунанд ва бо онҳо мубориза мебаранд, ҷойи аввалиндараҷаро касб мекунад. Дар таркиби ин сабзавот миқдори зиёди сулфорафан, моддаҳои кимиёвии дорои хусусияти антиоксидантҳо мавҷуд аст. Сулфорафан ба ҳангоми хоидани брокколи ҳосил мешавад. Аз ҷиҳати илмӣ собит шудааст, ки ин модда метавонад ба таври интихобӣ ба саратони силуҳо ҳамла кунад ва ҳамзамон ба сиҳатии организм зиён нарасонад. Гузашта аз ин, сулфорафан шумори ферментҳоеро, ки масъули тавонмандсозии организм дар баробари пасмондаҳои органикие, ки ба ҳангоми ҳазми ғизо ҷамъ мешаванд, бештар мегардонад. Истифодаи мунтазами брокколи метавонад ба кам кардани шумор, дар бархе ҳолат, ба нобудии маводи саратонзои мухталиф ва ангезандаҳои шушҳо, амсоли бензол ва акролеин (ки ҳатто метавонанд сохтори ДНК-ро хароб кунанд), оварда расонад. Рангдиҳандаҳои, – бета-каротин ва хлорофилл, – ки дар таркиби брокколи мавҷуданд, ҳамчунин хосияти зидди омосӣ доранд.

bakolli

Брокколи барои қанд ғизои олӣ аст 

Барои гирифторони бемории диабети қанд брокколи хеле муфид аст. Ба он хотир, ки брокколи дар таркибаш миқдори зиёди хром – гормони монанд ба инсулин дорад, ки глюкозаро ба тамоми силуҳои ҷисм тақсим мекунанд. Хроми таркиби брокколи фаъолияти ғадуди зери меъдаро, ки масъули тавлиди инсулин аст, беҳтар мегардонад.

Брокколи ва рагҳои хунгард

Бар иловаи шумори зиёди моддаҳои фоиданок, брокколи ҳамчунин миқдори бешумори витамини К дар таркиб дорад, ки ба силуҳо барои ҷазби калсий кӯмак мекунанд ва хатари пайдошавии тромбҳоро кам мегардонанд. Афроде, ки аз камхунӣ азият мекашанд, бояд ба рӯйхати ғизоҳои ҳаррӯзаашон ҳатман брокколиро шомил кунанд. Оҳан, фолиеваи кислота ва витамини В, ки дар таркиби ин сабзавот мавҷуданд, барои тавлиди силуҳои сурхи хун масъул ҳастанд.

 

, , , , , ,