Консерваи Напалеон

мӯдшуда

Чунин ба назар мерасад, ки хӯроки консервкардашуда ба мардум аз замонҳои қадим маълум аст. Шахси аввалине, ки хӯрокро консерв кард, кӣ буд? Оё донистани он ҷолиб аст?

the emperor or France

Чунин ба назар мерасад, ки хӯроки консервкардашуда ба мардум аз замонҳои қадим маълум аст. Шахси аввалине, ки хӯрокро консерв кард, кӣ буд? Оё донистани он ҷолиб аст?

Консерва барои замони мо ҳамчун тӯҳфа мебошад. Рӯз то рӯз, то он даме, ки таҳаввулоти ӯ идома ёфта истодааст, консервакунӣ беҳтар шуда истодааст. Оё консерва метавонад мавзӯи баҳси навоварӣ бошад? Барои дарёфт намудани ҷавоб, таърихи мухтасари консерваро дида мебароем.

Ихтироъкунандаи расмии консерва Питер Дюранд буд, ки дар соли 1810 нусхаи нахустини консерваи худро тайёр намуд ва аз шоҳи Англия – Ҷорҷ III варақаи сабти ихтироъ қабул намуд. Дюранд намунаи консерваи марди фаронсавӣ, Николас Аппертро истифода бурд, ки ӯ барои ин ихтироъаш 12000 франк аз дастони худи Напалеон қабул намуда буд. Ихтироъи Дюрандро дигарон рушд доданд. Дар соли 1813 лашкарони британӣ аввалин маротиба хӯроки консервкардашударо, ки дар заводи навсохташудаи косервакунӣ истеҳсол шуда буд, истеъмол намуданд.

Қуттиҳои консерваҳои аввалин хеле ғафс буданд ва барои кушодани онҳо болға лозим буд. Бо мурури замон технологияи нав имкон дод, ки  истеҳсоли консерва дар қуттичаҳои бориктар ба роҳ монда шавад. Айнан дар ҳамон замон, асбоби консервакушоӣ низ ихтироъ карда шуда буд. Пас аз 48 соли ихтироъи худи консерва асбоби консервакушоии аввалин ихтироъшуда аз ҷониби сарбозон ҳангоми ҷанги шаҳрвандии амрикоӣ истифода бурда мешуд. Пас аз чанд муддат дар соли 1870 намуди консервкушоякҳои нав бароварда шуданд ва он намудро мо то ҳол дар рӯзғор истифода мебарем. Дар соли 1925 чархаки асбоби консервакушоӣ бо каҷ намудани гирдҳои он иваз карда шуд. Нахустин консервакушояки электрикӣ дар соли 1931 ба фурӯш бароварда шуд.

,