• corpo

Бондюэл дар Тоҷикистон

Bonduelle Тоҷикистон

Bonduelle Тоҷикистон

“Идеал-М” якумин ширкати тавзеъдиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки соли 1996 таъсис шудааст. Заҳмати ҳамкорони баландихтисоси мо аст, ки “Идеал-М” яке аз ширкатҳои тавзеъдиҳандаи муваффақи кишвар эътироф гардидааст.

Самти фаъолияти “Идеал-М” – паҳнсозии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи кимиёии ниёзи ҳаррӯза (FMCG) аз истеҳсолкунандагони машҳури ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ширкат бештар аз 318 нафар фаъолият мекунанд, ки ҳадафашон дастёфтан ба натиҷаҳои максималӣ аст.
Дар Душанбе наздики 270 нафар, дар Турсунзода 12 нафар, дар вилояти Суғд 21 нафар, дар Қурғонтеппа 15 нафар фаъолият мекунанд, ки 70 дарсади аҳолии тамоми Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ширкат ба бештар аз 3300 нуктаҳои фурӯши саросари Тоҷикистон хидмат мерасонад.

Фаъолияти ширкат 3 минтақа ва бештар аз 30 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад. Марказҳои минтақавии “Идеал-М”, ки биноҳои махсуси худ ва филиалҳову шарикони худро доранд, дар шаҳрҳои калони кишвар амсоли: Хуҷанд, Регар, Қурғонтеппа, Ваҳдат, Ҳисор ва Ёвон ҷойгиранд.

Bonduelle Тоҷикистон

Дар пойтахт ширкат бо ҳамаи супермаркетҳои: “Сифат», «Пойтахт», «Пайкар», «Тим», «Арзанда», «Арбат», «Сафар», «Душанбе Плаза», «Европа.tj», «Саодат», «Шоҳона», «Гулистон» ва ғайра ҳамкорӣ менамояд.
Ширкат автопарки муҷаҳҳази замонавии худро дорад, ки дорои 45 мошин мебошад. Ин имкон медиҳад, ки дар кутоҳтарин муҳлат маҳсулотро ба дилхоҳ нуктаи ҷумҳурӣ интиқол диҳад.

Ширкат анборҳои шахсии замонавиро дорост, ки барои нигаҳдори маҳсулоти ғизоӣ ва риояи шароити нигаҳдорӣ мутобиқанд:

Анбор бо ҳудуди 5000 м2 баландии 5 метр, муҷаҳҳаз бо рафҳои панҷлоядор барои нигаҳдории:

  • Маҳсулоти қаннодӣ
  • Маҳсулоти макаронӣ
  • Маҳсулоти ғизоӣ
  • Маҳсулоти консервшуда

мутобиқ мебошад.

Дар ҳудуди ширкат анборҳои яхдондори бо дараҷаи болои сардӣ барои нигаҳдории мавод бо ғунҷоиши 4000 м3 амал мекунанд. Таҷҳизоти яхдонӣ аз ширкатҳои итолёвӣ ва туркӣ.

, , , , ,