• corpo

Ҷараёни истеҳсолот

Ҳадафи гурӯҳи Бондюэл – пешбинӣ кардани талаботҳо, тайёр кардани маҳсулоти нав, ҳамаи мизоҷони хешро ба шавқ ва ҳайрат овардан мебошад.

Истеҳсолоти инноватсионӣ ба шарофати таҷрибаи «Бондюэл»

Бондюэл, дар як вақт ҳамчун мутахассиси байналхалқӣ ва таъминкунандаи ҳар гуна маҳсулот ва технологияи зиёд буда, ба истеъмолкунандагон сабзавоти тару тоза, консерв ва яхкунондаро пешниҳод мекунад. Бар иловаи таҳлилҳои мунтазаме, ки дар лабораторияҳои вобастанабуда гузаронида мешавад, ҳар як қисми истеҳсолот санҷишҳои худро мувофиқи қоидаҳои махсуси қатъӣ ба ҷо меорад. Ин тафтишҳо тару тозагии сабзавот ҳангоми қабул, риоякунии стандартҳо дар ҳар як давраи истеҳсолот ва бардавомии микробиологии маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Аз ворид шудани супориш то таъминоти ӯ, ва аз тадқиқотҳои зироатӣ то омода кардани сабзавот, ҳар як фард дар ҳама бандҳои силсилаи Бондюэл кӯшиш мекунад, то ки ба истеъмолкунандагон маҳсулот ва хизматгузории баландсифатро бирасонад.

Ҷараёни истеҳсоли сабзавот

Ин филми 3D ҷараёнеро нишон медиҳад, ки ба воситаи ӯ сабзавоти Бондюэл дар мӯҳлати камтар аз ним рӯз консерв карда мешавад:

Селексия ва ғунучини ҳосил Шариконе, ки ба мо маҳсулоти хоми хоҷагии қишлоқро пешниҳод мекунанд, роҳҳои дурусти таъминотро пайравӣ карда дар хоҷагии худ тафтишҳои мунтазам мегузаронанд. Гирифтани мол Баъд аз гирифтани мол дар корхона як қатор санҷишҳо гузаронида мешавад:

  • Таҳлил
  • Озмоиш (таъм, ранг, таркиб, пухта будан ва ҳоказо)
  • Мувофиқат ба талаботҳои муқарраршуда

Ба навъҳо ҷудокунӣ ба тариқи вентилятсия Моддаҳои зичтар (тухмӣ) аз моддаҳои сабуктар (баргҳо ва ғилофакҳо) ба тариқи ҷараёни ҳаво ҷудо карда мешаванд. Бехтан Дар рафти бехтан моддаҳои зичтар (санг, шиша ва ҳоказо) аз сабзавот ба тариқи ҷараёни об ҷудо карда мешаванд. Шустушӯ Шустушӯ – амалиёти бисёр муҳимест дар омадакунии сабзавоти Бондюэл, ки дар рафти он молҳои ғайр (хок, чанг) ва моддаҳои чиркинкунанда аз замин, берун карда мешаванд. Буридан Нӯгҳои сабзавот, ҳангоми гузаштан аз сӯрохҳои махсус, бурида мешаванд. Ин амал, масалан, сар ва пояи лӯбиёи ғилофакиро бартараф мекунад. Муайян кардани қолиб Сабзавотҳои борик ва бениҳоят борик аз силиндрҳои сӯрохкарда, барои селексия мувофиқи андозаи онҳо, гузаронида мешаванд. Истифодабарии оби ҷӯш Истифодабарии оби ҷӯш ва/ё ин ки буғ ҳангоми коркарди сабзавот, яке аз амалиёти стандартӣ мебошад, ки дар натиҷаи он газҳо ва бӯи шадид нест карда мешаванд. Ин амал ба камшавии фаъолияти ферментҳои таназзул фоида мерасонад. Қадоқкунӣ Миқдори сабзавот, ки дар тамға муайян карда шудааст, аниқ санҷида мешавад ва қадоқ карда мешавад. Парварда Ба аксарияти маҳсулоти тамизшуда ширае рехта мешавад, ки аз об, намак ва адвияҳо тайёр карда мешавад, то ки ба онҳо ҳангоми хӯрокпазӣ маза ва бӯи хуш илова намояд. Печондан Қуттиҳо ба воситаи усули аслӣ ва эътиборнок ҳавоногузарона маҳкам карда мешаванд. Ҳавоногузар будани маҳсулот, барои дуруст нигоҳ доштан аз пӯсидану вайрон шудан, зарур мебошад. Мӯҳлати истеъмол дар қуттӣ нишон дода мешавад. Тамизкунӣ Микробҳое, ки маҳсулотро барои истеъмол ношоям менамоянд, ба воситаи гармӣ нест карда мешаванд. Ин ҷараён низ дар омодакунӣ ва нигоҳдории маҳсулот зарур мебошад. Нигоҳдорӣ Баъд аз сард шудани қуттиҳо, онҳо ба зарфмонакҳо гузошта мешаванд ва дар анбор нигоҳ дошта мешаванд. Тамғазанӣ Тамға ба истеъмолкунанда бо забони модариаш, оиди оканаи қуттӣ, ҳаргуна тарзҳои тайёркунӣ, маълумоти вазн, таркиб, арзиши ғизонокӣ ва ҳоказо, равшан дарак медиҳад. Назорати сифат Байни ҷараёнҳои омодакунӣ ва нигоҳдорӣ даҳҳо маросимҳои назорати сифат гузаронида мешавад, ки ба мисли санҷиши ҳарорат, бактерияҳо ва вазнро дар бар мегирад. Бондюэл аз ферма то фиристониш назорати олиро таъмин мекунад. Бинобар ин дар ҳолати пайдо шудани ягон масъала оиди сифати мол, сабабашро дарҳол муайян кардан мумкин аст. Борбандӣ ва нигоҳдорӣ Қуттиҳои тамғазада дар рӯи зарфмонакҳо дар анбор нигоҳ дошта мешаванд. Расондан Қуттиҳо дар мошинҳои боркаш ба нуқтаҳои фурӯш расонда ва супурда мешаванд.

Ҷараёни истеҳсоли сабзавоти ях кунондашуда

Ин филми 3D ҷараёнеро нишон медиҳад, ки ба воситаи ӯ сабзавоти Бондюэл дар мӯҳлати камтар аз ним рӯз консерв карда мешавад:

Селексия ва ғунучини ҳосил Шариконе, ки ба мо маҳсулоти хоми хоҷагии қишлоқро пешниҳод мекунанд, роҳҳои дурусти таъминотро пайравӣ карда дар хоҷагии худ тафтишҳои мунтазам мегузаронанд. Гирифтани мол Баъд аз гирифтани мол дар корхона як қатор санҷишҳо гузаронида мешавад:

  • Таҳлил
  • Озмоиш (таъм, ранг, таркиб, пухта будан ва ҳоказо)
  • Мувофиқат ба талаботҳои муқарраршуда

Бехтан Дар рафти бехтан моддаҳои зичтар (санг, шиша ва ҳоказо) аз сабзавот ба тариқи ҷараёни об ҷудо карда мешаванд. Шустушӯ Шустушӯ – амалиёти бисёр муҳимест дар омадакунии сабзавоти Бондюэл, ки дар рафти он молҳои ғайр (хок, чанг) ва моддаҳои чиркинкунанда аз замин, берун карда мешаванд. Истифодабарии оби ҷӯш Истифодабарии оби ҷӯш ва/ё ин ки буғ ҳангоми коркарди сабзавот, яке аз амалиёти стандартӣ мебошад, ки дар натиҷаи он газҳо ва бӯи шадид нест карда мешаванд. Ин амал ба камшавии фаъолияти ферментҳои таназзул фоида мерасонад. Яхкунонӣ Барои таъмини сифат ҳарорат зуд то -18 °С паст карда мешавад. Сабзавот дар анборҳо дар зарфҳои калон бо ҳарорати пасттар аз -18 °С нигоҳ дошта мешаванд. Баркашидан ва борбандӣ Маҳсулотро андоза карда ба пакетҳо ё ин ки ба картонқуттиҳо мегузоранд. Мӯҳлати истеъмол дар ҳар як масолеҳи борбандӣ чоп карда мешавад. Назорати сифат Байни ҷараёнҳои омодакунӣ ва нигоҳдорӣ даҳҳо маросимҳои назорати сифат гузаронида мешавад, ки ба мисли санҷиши ҳарорат, бактерияҳо ва вазнро дар бар мегирад. Бондюэл аз ферма то фиристониш назорати олиро таъмин мекунад. Бинобар ин дар ҳолати пайдо шудани ягон масъала оиди сифати мол, сабабашро дарҳол муайян кардан мумкин аст. Ҷойгиркунӣ Маҳсулоти басташударо ба картонқуттиҳо ҷойгир мекунанд ва дар анборҳо бо ҳарорати пасттар аз -18 °С нигоҳ медоранд. Расондан Қуттиҳо дар мошинҳои боркаш ба нуқтаҳои фурӯш расонда ва супурда мешаванд.

, , ,